Нашриёти «Адиб» дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиш-фурӯши китоб доир намуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Адиб» дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форсро роҳандозӣ намуд.Дар ин намоиш-фурӯши китоб зиёда аз 140 номгӯ асарҳои тозанашр бо теъдоди 5000 нусха пешниҳоди омӯзгорону донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Данғара гардид.
Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, чун аънана дар ин намоиш — фурӯш низ як зумра шоирону нависандагони маъруфти тоҷик иштирок намуда, ба китобҳои харидаи иштирокдорон соядаст мегузоранд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳи мазкур бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик суҳбат намуда, бо онҳо аз наздик шинос мешаванд.
«Муассисаи нашриёти «Адиб» аз аввал ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши китоб мегузаронд. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ беш аз 5000 нусха китоб, ки фарогири асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва ҳуруфоти ниёгон мебошанд, ба фурӯш гузошта мешуданд. Вақтҳои охир афзоиши таваҷҷуҳ ва талаботи зиёди мардум ба китоб моро водор сохт, ки онро қариб ҳар рӯз онро доир намоем. Ҳадаф аз баргузории ин ярмарка ҳарчи бештар ба мардум дастрас намудани китоб аст»,- афзуд директори «Адиб» Давлат Сафар.
Ёдовар мешавем, ки нашриёти «Адиб» баҳри тарғибу ташвиқи китоб миёни қишрҳои ҷомеа чунин ярмаркаҳоро дар ҳар гӯшаву канори мамлакат низ доир менамояд.











«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд






