Ғолибони озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» муайян шуданд
ДУШАНЕ, 29.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян ва қадрдонӣ шуданд.
Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи ҷадвали фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Дар давраи ҷамъбастии озмун, ки дар «Боғи Ирам» доир шуд, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, ҳунармандон, меҳмонон, ки дар доираи рӯзҳои фарҳангии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе ба кишвар ташриф оварданд, сайёҳону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Меҳмонону иштирокчиён намоиши пешниҳоднамудаи ҳунармандони оҳангарону мисгарон дидан карда, аъзои комиссияи озмунӣ ба сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ, ташкили намоиши ҳар як ҳунарманд, шакли муаррифии намунаҳои ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ, сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ, дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба мисгарӣ ва оҳангарӣ баҳогузорӣ намуданд. Ҳамчунин дар доираи ҳамоиши мазкур намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандон ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ ташкил гардид.
Дар маросими кушодавии намоишгоҳ Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода сухан карда зикр намуд, ки фароҳам овардани шароит барои ҳунармандон, хусусан бархӯрдор гаштани онҳо аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардид ва мустаҳам намудани заминаҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, аз ҷумла маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ афзоиш ёбад, ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд ва сатҳи некуаҳволии мардум баланд бардошта шавад. Мақсади озмуни оҳангарӣ ва мисгарӣ тарғибу ташвиқи ҳунармандии миллати тоҷик ва фарҳангу таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути маҳсулоти оҳангарию мисгарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дарёфти чеҳраҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум арзёбӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» дар се давра – ноҳиявӣ дар шаҳру ноҳияҳо, вилоятӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе доир гардида, иштирокчиёни он дар асоси хулосаи гурӯҳи корӣ барои дарёфти ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба даври сеюми ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.
АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ


















Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд






