Ровии телевизиони «Ориёно Нюс» Мино Хайрӣ бар асари таркиш дар Кобул ҳалок гардид

Июнь 8, 2021 15:26

ДУШАНБЕ, 08.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Ровии маъруфи телевизиони Ariana News («Ориёно Нюс»)  Мино Хайрӣ бар асари таркиши бомб дар микроавтобус дар пойтахти Афғонистон ҳалок гардид.

Телевизиони хусусии Ariana News тасдиқ кард, ки  наттоқи шабака ва модари ӯ дар байни кушташудагони таркише буданд, ки 3 июн дар минтақаи Пули сухта дар ғарби Кобул  рух дод. Дар ин ҳодиса чаҳор ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд.

Масъулони Ориёно Нюс ин ҳамларо маҳкум карда гуфтанд, ки аз дирӯз ҷасади Мино Хайрӣ бо сабаби сӯхтагӣҳои бадан шиносоӣ нашудааст ва ҳоло ташхиси шахсият (ДНК) нишон дод, ки ин наттоқ ва модараш дар таркиши рӯзи панҷшанбе кушта шудаанд. Хоҳари Мино Хайрӣ низ сӯхтааст ва дар беморхона бистарӣ шуда аст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳимояи рӯзноманигорони Афғонистон Абдулло Муиди Ҳошимӣ, ҳадафи ҳамлаи террористон маҳз Мино Хайрӣ будааст.

                                                                  АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 8, 2021 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд