Ровии телевизиони «Ориёно Нюс» Мино Хайрӣ бар асари таркиш дар Кобул ҳалок гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Ровии маъруфи телевизиони Ariana News («Ориёно Нюс») Мино Хайрӣ бар асари таркиши бомб дар микроавтобус дар пойтахти Афғонистон ҳалок гардид.
Телевизиони хусусии Ariana News тасдиқ кард, ки наттоқи шабака ва модари ӯ дар байни кушташудагони таркише буданд, ки 3 июн дар минтақаи Пули сухта дар ғарби Кобул рух дод. Дар ин ҳодиса чаҳор ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд.
Масъулони Ориёно Нюс ин ҳамларо маҳкум карда гуфтанд, ки аз дирӯз ҷасади Мино Хайрӣ бо сабаби сӯхтагӣҳои бадан шиносоӣ нашудааст ва ҳоло ташхиси шахсият (ДНК) нишон дод, ки ин наттоқ ва модараш дар таркиши рӯзи панҷшанбе кушта шудаанд. Хоҳари Мино Хайрӣ низ сӯхтааст ва дар беморхона бистарӣ шуда аст.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳимояи рӯзноманигорони Афғонистон Абдулло Муиди Ҳошимӣ, ҳадафи ҳамлаи террористон маҳз Мино Хайрӣ будааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид






