Шӯрои Амнияти СММ номзадии Гутерришро ба ҳайси дабири кулли Созмон барои давраи дуюм дастгирӣ кард

Июнь 9, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 8 июн Шӯрои Амният ба Маҷмааи Умумии СММ тавсия дод, ки Антонио Гутерришро ба ҳайси дабири кулли СММ ба муддати панҷсолаи дуюм таъйин кунад: аз моҳи январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026. Қарор дар ин бора якдилона қабул карда шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуотии Созмон хабар медиҳад, ки овоздиҳӣ дар Маҷмааи Умумии СММ  18 июн ба нақша гирифта шудааст.

Антонио Гутерриш пас аз он ки Маҷмааи Умумии СММ  13 октябри соли 2016 номзадии ӯро бо тавсияи Шӯрои Амният тасдиқ кард,  1 январи соли 2017 дар вазифаи дабири кулли СММ ба фаъолият шурӯъ кард. Номзадии Гутерришро Португалия пешбарӣ карда буд.

Ёдовар мешавем, ки Антонио Гутерриш дар давоми даҳ сол — аз соли 2005 то 2015 — ба ҳайси Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон ифои вазифа кардааст. Вай 30 апрели соли 1949 дар Лиссабон таваллуд шудааст. Гутерриш дар Донишкадаи олии техникӣ муҳандисӣ ва физикаро омӯхтааст, инчунин дар донишгоҳи олӣ ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Соли 1974 ба Ҳизби сотсиалистӣ шомил шуд. Дар соли 1995, пас аз се соли интихоб шудан ба ҳайси Котиби генералии Ҳизби сотсиалистӣ, вай Сарвазири Португалия интихоб шуд.

ДАР АКС: собиқ дабирони кулли СММ Кофи Аннан ва Пан Ги Мун ва сарвари кунунии СММ Антонио Гутерриш, моҳи октябри соли 2017

Ҳамтои пешини Гутерриш Пан Ги Мун аз Кореяи Ҷанубӣ ҳаштумин дабири кулли СММ буд. Вай дар ин мақом Кофи Аннонро аз Гана иваз карда буд. Пеш аз Кофи Аннан, шахсони зерин ин вазифаро иҷро кардаанд: Бутрос Бутрос-Ғолӣ (1992-1996), Хавер Перес де Куэляр (1982-1991), Курт Валдхайм (1972-1981), У Тан (1961-1971), Даг Ҳаммаршелд (1953) -1961) ва Тригв Ли (1946-1952).

Дар тӯли таърихи СММ, Котиботро чор намоянда аз Аврупои Ғарбӣ, ду нафарӣ аз Африка ва Осиё ва як нафар аз Амрикои Лотин роҳбарӣ кардаанд.

Тибқи Оинномаи СММ, Дабири кулл шахси асосии роҳбарикунандаи  Созмон мебошад. Вай аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмон бо  тавсияи Шӯрои Амният таъйин карда мешавад. Аммо вазифаи душвортаринро дар ин раванд Шӯрои Амният ба ӯҳда дорад, номзадии Дабири кулли ояндаро бояд ҳадди аққал 9 аъзои он, ба шумули ҳамаи аъзоёни доимии Шӯро дастгирӣ кунанд.

Дирӯз Дабири кулли СММ Гутерриш бо арзи сипос аз аъзои Шӯрои Амният изҳори умедворӣ кард, ки Маҷмааи Умумӣ низ раҳбарии Созмонро барои як давраи нави панҷсола ба ӯ «бовар» хоҳад кард.

 АКСҲО аз СММ

Июнь 9, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд
Дар Берлин имконоти ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Дар Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» доир гардид
Олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Кувайт соҳиби 10 медал шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Йоҳанн Вадефул ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Олмонро баррасӣ намуданд
Дар Берлин ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Муассисаи давлатии таҳсилот ва омӯзиши амалии Давлати Кувайт гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон мулоқот намуд