Сироҷиддин Муҳриддин бо Энтони Блинкен суҳбати телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Энтони Блинкен баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, вазъ дар минтақа ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) табодули афкор намуданд.
Ҳамсуҳбатон инчунин масъалаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






