Ҳукумати Ӯзбекистон ровии телевизиони вилоятии Суғд Наврӯза Мамироваро қадрдонӣ намуд

Июнь 18, 2021 16:47

ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ровии телевизиони вилоятии Суғд Наврӯза Мамироваро, ки ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар васфи сарварони ҳарду давлат шеър хонда буд, қадрдонӣ кардааст. Дар ин бора 18 июн блогер ва рӯзноманигори тоҷик Озод Мелибоев дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

«Имрўз Наврӯза Мамирова, духтараке, ки 11 июн дар қасри «Арбоб», дар вохӯрии Президентони Тоҷикистону Ўзбекистон бо зиёиёни вилояти Суғд ширкат варзида, суханронӣ карда буд, аз тарафи Ҳукумати Ӯзбекистон қадрдонӣ карда шуда, ба ӯ нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» ва туҳфаи Президенти Ӯзбекистон супорида шуд», — навиштааст Мелибоев.

Нишон ва тӯҳфаҳоро ба Наврӯза Мамирова дар як маросими мутантан, ки дар он муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, адибон, рӯзноманигорон, ректорони мактабҳои олӣ ва пайвандони Наврӯза ҳузур доштанд, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов супурдааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, сарварони  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи барномаи кории худ 11 июн бо зиёиёни ду кишвар дар Қасри фарҳангии  «Арбоб» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот оростанд. Дар ин мулоқот Наврӯза Мамирова, муҳаррир ва барандаи телевизиони вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ кард.

Қироати мисраъҳои як шеър бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аҳли толорро ба ваҷд овард ва ҳозирин аз ҷой бархоста, кафкубӣ карданд.

Аз аксҳое, ки  мақомоти расмӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонидаанд, дида мешавад, ки баъди анҷоми мулоқот президентҳо ба назди муҳаррир ва барандаи ТВ Суғд омада, ба маҳорати шеърхонияш аҳсану офарин хонданд.

«Шеъри қироатнамудаи Наврӯза Мамирова рӯхияи умумии сафарро (сафари расмии  Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон – тавз. АМИТ «Ховар») ифода намуд», — навишт худи ҳамон рӯз дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook котиби матбуотии Президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов.

Хотиррасон мешаваем, ки субҳи 11 июн муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари раксмиашон ба Тоҷикистон аз Душанбе ба Хуҷанд рафтанд. Ин аввалин сафари  сарвари давлати ҳамсоя ба ин шаҳри бостонӣ дар шимоли Тоҷикистон арзёбӣ гардид.  Мирзиёевроо  дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ намуданд.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар» ва МИҲД вилояти Суғд

Июнь 18, 2021 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Таърихи фарҳанги мусиқии тоҷикро аз деворнигораҳои асрҳои VI–VIII метавон мушоҳида кард
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад