Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми дипломатии Анталия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Панели Форуми дипломатии Анталия таҳти унвони «Ҳамкории минтақавӣ дар Осиё» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазир дар суханронии худ таъкид кард, ки «дар тӯли даҳсолаи охир Осиё ба минтақаи пӯёӣ табдил ёфта, рушди назаррас нишон дод. Иқтидори азими иқтисодии он қувваи пешбарандаи рушд ва суботи ҷаҳонӣ гардид. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо дарназардошти манфиатҳои муштарак бо истифода аз имконоти бузурги ҳамкории сармоягузорӣ муҳим аст. Ин иқдом ба ҳамкории моддии минтақавӣ ва афзоиши суръати рушди иқтисодии кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатӣ имкон медиҳад, ки имкониятҳои истифоданашуда кашф шаванд. Рушди зерсохтори минтақавии нақлиёт ва коммуникатсия яке аз самтҳои дигари авлавиятноки ҳамкорӣ мебошад ва Тоҷикистон мехоҳад ҳамкории мутақобилан судманди минтақавиро дар ин самт, ба вежа дар эҷод ва таҳкими иртиботи нақлиётӣ бо дигар кишварҳои минтақа густариш диҳад. Ба ин мақсад, Тоҷикистон ба таъсис ва барқарорсозии долонҳои нави минтақавии нақлиётӣ ва транзитӣ аҳаммияти махсус медиҳад».
Дар ин бахши Форум инчунин намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Малайзия суханронӣ карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






