Вилоят Болтуева ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин роҳбари маҳфили сол-2021»-и муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ гардид

Июнь 30, 2021 14:19

ДУШАНБЕ, 30.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 29 июни соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин роҳбари маҳфили сол-2021» бо иштироки 5 нафар ғолибон аз вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор гардид.   Ғолиби озмуни мазкур  роҳбари маҳфили «Дастони моҳир»-и маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Вилоят Болтуева дониста шуд. Ҷой дуюм  ба роҳбари маҳфили «Асбобҳои нафасӣ»-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Сабзалӣ Зикруллоев ва мақоми  сеюм ба роҳбари маҳфили «Географони ҷавон»-и маркази таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон Идибек Шарифов сазовор дониста шуд.

Тавре аз маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умедҷон Сафарзода ва намояндагони сохторҳои дахлдор ва  меҳмонон ширкат намуданд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умедҷон Сафарзода иброз дошт, ки «мақсад аз баргузории озмун, дарёфт ва муаррифии омӯзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор, баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мебошад».

Ба гуфти муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммаддовуд Саломиён «Чунин озмунҳо минбаъд ҳам дар баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ва рушди қобилияту истеъдоди наврасон мақоми шоиста  мегузоранд».

Барои муйаян намудани ғолиби озмун аз ҳисоби кормандони соҳибтаҷрибаи дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он ҳакамон таъсис дода шуда, тибқи тартиби ташкил ва баргузории озмуни мазкур довталабон аз рӯйи 4 шарт байни якдигар рақобат намуданд.

Дар ҷамъбасти озмун иштирокчиён бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3, «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин ғолиби озмун аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуда, аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳо тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми озмун аъзоёни маҳфилҳои марказ, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардида буданд, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Аксҳо аз Вазорати маориф ва илми ҶТ

Июнь 30, 2021 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд