Владимир Норов, дабири кулли СҲШ: «Душанбе дигаргун шудааст ва ба шаҳри бузурги муосир бо таровати хос ва беназири шарқӣ табдил меёбад»
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати талошҳои роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти пойтахти он шаҳри Душанбе дигаргун шудааст ва ба шаҳри бузурги муосир бо таровати хос ва беназири шарқӣ табдил меёбад. Дар ин бора дабири кулли СҲШ Владимир Норов дар паёми табрикотиаш ба иштирокчиёни Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки 13 июн дар доираи чорабиниҳои давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ баргузор гардид, изҳор доштааст.
Ба гуфтаи Норов, дар тӯли чор соли охир дар шаҳри Душанбе 255 майдончаи варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон сохта ба истифода дода шудааст, ки аз онҳо аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт истифода мебаранд. Қасрҳои бузурги варзишӣ барои истифодаи васеъ сохта ба истифода дода шуданд, ки ба рушди намудҳои гуногуни варзиш мусоидат мекунанд.
«Мутаассифона, пандемияи COVID-19 ба мо имкон надод, ки дар чорабинии имрӯза шахсан ширкат варзем, вале сарфи назар аз маҳдудиятҳо, Ниммарафони Душанбе тавонист бисёр варзишгарони касбии варзиши сабук, инчунин дӯстдорони давиданро ҷамъ оварад», — зикр кардааст дабири кули СҲШ. — Уфунати коронавирус ба зиндагии ҳаррӯзаи мо тағйироти назаррас ворид кард, он ба чорабиниҳои фарҳангӣ — оммавӣ, аз ҷумла ба чорабиниҳои варзишӣ, ки нодир шудаанд, таъсир расонид».
Владимир Норов чунин мешуморад, ки пандемия инчунин аҳамияти нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим, ташаккул ва таҳкими масунияти дастаҷамъии аҳолиро нишон дод.
«Маҳз барои ҳамин, Ниммарафони байналмилалии Душанбе яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ ва варзишии соли равон мебошад, ки ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ба варзиш ҷалб намудани шумораи бештари одамони синну соли мухталиф, инчунин одамон дорои имконоти маҳдуд дар фазои СҲШ, ба ҳам назик сохтани наслҳо, миллатҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногун, таҳкими дӯстӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, муколама ва ҳамоҳангӣ байни халқҳои кишварҳоямон, ки «рӯҳияи Шанхай» онҳоро муттаҳид кардааст ва моро ба рушди якҷоя даъват мекунанд», нигаронида шудааст.
Дабири кулли СҲШ инчунин зикр кард, ки бо ташаббуси Тоҷикистон давлатҳои аъзо Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро маъқул донистанд ва дар ҷараёни ҳамоши СҲШ дар Бишкек соли 2019 онро имзо карданд. Мутобиқи санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии қабулшудаи СҲШ, давлатҳои аъзои Созмон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусоидат мекунанд, варзишгаронро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҳавасманд мегардонанд, ҳамкориро дар самти рушди намудҳои олимпӣ, паралимпӣ ва намудҳои миллии варзиш таҳким мебахшанд, инчунин ба рушди робитаҳои мустақими байни федератсияҳои варзишӣ мусоидат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои асосии СҲШ, аз ҷумла рӯйдоди барои Созмон таърихӣ — ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






