ҶАБҲАИ БУЗУРИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Муъминобод осорхонаи муосир сохта мешавад

Июль 2, 2021 09:03

МУЪМИНОБОД, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод осорхонаи нави замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Тавре  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов  сармуҳандиси  Хадамоти  назорати техникии  назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод  Давлат Раҳмонов иттилоъ дод, осорхона ба маблағи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, бинои он аз 2 ошёна,  2 утоқи корӣ ва ду толори васеъ барои  гузоштани  ёдгориҳои  таърихӣ иборат мебошад.

Бинои осорхона  аз ҷониби ҶДММ «СМС»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд бунёд гардида, то инҷониб  80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудааст.  Дар бунёди  осорхона  15 нафар сохтмончиён ҷалб гардида, тибқи нақша  бино  то охири моҳи июл  ба истифода дода мешавад. Гуфта мешавад, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни дарпешистода  дар ноҳия бунёди 333 иншоот ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 273 бино сохта шудааст, ки 73% -и нақшаро дар бар мегирад.

Мувофиқи нақшаи дурнамо дар ноҳия сохтмон ва навсозии  Парчам, Қалъаи Муъминобод ва гулгаштҳо дар назар дошта шудааст.

Июль 2, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд