АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 7-9 июл дар Тоҷикистон ҳаво то 48 дараҷа гарм мешавад

Июль 6, 2021 13:41

ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  7-9 июли соли равон бо сабаби ворид шудани ҳавои хушку гарм аз минтақаҳои ҷанубу ғарб дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво боло рафта, то 45+48 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои  манбаъ, 7-10 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин давра бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон дар назар дошта шудааст.

Бино ба тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, баланд шудани ҳарорати ҳово  боиси авҷи бемориҳои  дилу рагҳо, диққи нафас, диабети қанд, фишорбаландӣ ва дигар маризиҳо мегардад. Аз ин рӯ нафароне, ки аз бемориҳои мазкур ранҷ мекашанд, ба саломатии худ диққати чиддӣ дода,  аз рўйи маслиҳати  табибон амал намоянд. Инчунин бе сабаб дар зери шуои офтоб гаштугузор нанамоянд.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 6, 2021 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд