Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд омад

Июль 6, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ  дар  соҳаи саноати сабук, коркарди пахта, пӯсту чарм, пилла, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, и коркарди банду басти меваи хушк ва тар, воридсозии тухмиҳои серҳосили пахтаву гандум аз ҷумлаи  масоиле буданд, ки 5 июл  дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки таҳти  роҳбарии муовини вазири кишоварзии ин кишвар Анвар Асамов  ба вилоят ташриф овард, баррасӣ гардиданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, наздик ба 40 нафар масъулини мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Меҳмонон давоми се рӯз аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва гармхонаву боғҳои он боздид карда, бо захираву имкониятҳо шинос мегарданд.

Зимни суҳбат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода   бо муовини вазири кишоварзии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Асамов   доир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва зиёд намудани табодули молу маҳсулот мубодилаи афкор намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзодатаъкид кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба марҳилаи нави ҳамкории сифатан нав  асос гузошта шуда, табодули молу маҳсулот миёни ду давлати дӯст дар ҳоли афзоиш аст.

Ёдовар мешавем, ки дар  мулоқоту музокироти сарони ду давлат, ки  10 ва 11 июн дар Тоҷикистон доир шуд, зикр гардид, ки муносибатҳои иқтисодии миёни минтақаҳои ду мамлакат бояд аз ин ҳам беҳтар карда шавад. Самараи чунин мулоқот буд, ки чанде қабл доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, бо вазъи иқтисодии ин вилоят ва захираву имкониятҳои он шинос гардиданд.

 

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 6, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд