Аз 23 то 31 октябр Душанбе мизбони бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022 мегардад

Июль 8, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро барои U23 баргузор мекунанд, тасдиқ намуд.  Сабқати яке аз гурӯҳҳо аз 23 то 31 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи ғарбӣ дар Тоҷикистон  Баҳрайн, Урдун, Кувайт, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешаванд. Дар минтақаи шарқӣ гурӯҳҳоро Муғулистон, Индонезия, Сингапур, Тайланд ва Тайбэйи Чин мизбонӣ мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ қуръакашии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола 9 июли соли равон дар Тошканд баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола 43 даста ширкат меварзанд, ки бар асосӣ қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Дар минтақаи ғарб 6 гурӯҳ ва дар шарқ 5 гурӯҳ ташкил мегарданд.

Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июни соли 2022  дар Ӯзбакистон баргузор мешавад, ёздаҳ ғолибони гурӯҳ ва чаҳор дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуввумро гирифтанд, шомиланд.

АКС аз ФФТ

Июль 8, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд