Ба 5 оилаи аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод кумак расонида шуд

Июль 19, 2021 15:49

ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар арафаи Иди саиди  Қурбон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба 5 оилаи деҳаҳои Бӯстон, Сумандара ва Кӯли калони ноҳияи Тоҷикобод, ки дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 10 июли соли равон  хисороти моливу ҷонӣ дидаанд, кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  кӯмаки расонидашуда аз маҳсулоти ниёзи аввал иборат буд.

«Кӯмаку дастгирии қишри ниёзманд ва муҳтоҷи ҷомеа дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ва суннатӣ дар кишвар ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Бо ин мақсад, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар оянда низ талош менамояд,  ки дар пайрави  ба сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои хайрхоҳона ва башардӯстонаро идома диҳад»,-афзуд манбаъ.

Июль 19, 2021 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад