Ба хотири рушди фаъолияти соҳибкории занон 80 лоиҳаи мақсаднок дастгирӣ ёфт

Июль 30, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021 «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» аз 332 лоиҳаи воридгардида 80 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи 2 млн сомонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ин бора 29 июл зимни нишасти матуботӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иттилоъ дод.

Дар ҷараёни нишаст Ҳилолбӣ Қурбонзода масъалаи бекоршавии ақди никоҳро дар шашмоҳаи аввали соли равон ташвишовар унвон намуд.

Ба гуфти мавсуф, ҳолати бекоршавии ақди никоҳ яке аз масъалаҳои рӯзмарра боқӣ мондааст. Дар ҷамъбасти соли 2020 теъдоди талоқ 10536 ҳолатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (12482) 1946 ҳолат кам ба қайд гирифта шуд. Мутаассифона, дар шаш моҳи соли 2021 он 6476 ҳолатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (5486) 990 ҳолат зиёд аст.

Ҳамчунин дар самти пешгирии омилҳои номатлуб зикр гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ, гирифторони бемории ВНМО аз ҳисоби занон дар 6 моҳи соли равон 172 нафар қайд шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88 нафар кам аст.

Нишондиҳандаи сироятёбии занон ба нашъамандӣ низ коҳиш ёфта, дар ин давра 109 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2020 4 нафар кам аст.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид