Бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Туркия ба ҳамкорӣ тақвият мебахшанд

Июль 12, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳия ва ба имзо расонидани Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Туркия, кушодани филиалҳои бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон ва ва табодули таҷриба намудани кормандони бонкҳои марказӣ метавонад идомаи ҳамкории пурмаҳсули ду давлат бошад. Чунин зикр кард Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл ин иқдомро ҷонибдорӣ намуда, онро барои рушди бештари равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Раиси Бонки миллӣ афзуд, ки «ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла иқтисодиёту тиҷорат бомаром рушд дорад. Дар оянда низ мо барои ҳамкории мутақобилан судманд ва тақвияти равобити тиҷоратӣ, хусусан  дар самти рушди низоми бонкӣ омода ҳастем».

Эмре Зекӣ Карагёл аз фароҳам будани фазои мусоиди тиҷоратӣ ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Тоҷикистон бо изҳори хушнудӣ гуфт, ки ташрифи қарибулвуқӯи  Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид. Дар мулоқот  инчунин вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар ҷаҳон, таъсири пандемия ба бахши иқтисодиёти кишварҳо ва роҳҳои бартараф намудани пайомадҳои он муҳокима гардид.

Ҳ. Холиқзода оид ба низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонии сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла бахши бонкдорӣ пешбинӣ шудаанд, маълумот дода, пешниҳод намуд, ки ҳамкории бонкҳои марказӣ ва ташкилоти қарзии ду кишвар тақвият дода шавад.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои тавсеаи шабакаи муносибатҳои корреспондентӣ миёни ташкилоти қарзии кишварҳо, бо асъори хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои корреспондентии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои Туркия, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содирот ва воридоти молу ашё байни ду кишвар муҳокима гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо бори дигар барои тақвияти бештари ҳамкорӣ дар самти рушди низоми бонкии ду кишвар ва таҳияи лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии  Тоҷикистон ва Туркия изҳори омодагӣ намуданд.

 АКС аз Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 12, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид