COVID-19. Ҷамолиддин Абдуллозода бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ҷараёни табобати гирифторони ин беморӣ аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии «Шифобахш» дидан намуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 14 июл Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии «Шифобахш», ки дар он ҷо гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ мебошанд, дидан намуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода аснои боздид бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 ва сатҳу шароити муассиса дар самти табобати беморони мазкур аз наздик шинос гардид.
Зикр гардид, ки дар ин ҷо гирифторони сирояти коронавирус ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорати табибон қарор дошта, пизишкон баҳри наҷоти ҷони онҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона месозанд.
Ҳамзамон имрӯз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Беморхонаи шаҳри Ваҳдат ва як зумра муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд низ дидан намуда, бо ҷараёни табобати гирифторони бемории COVID-19 аз наздик шинос шуданд.
Тавре маълум гардид, дар муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ шудаанд, шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар ин муассисаҳо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.
Зимни боздид Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва масъулини вазорат бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхонаҳо қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.
Ҳадаф аз боздиди роҳбарият ва масъулини вазорат аз муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони сирояти коронавирус бистарӣ шудаанд, пеш аз ҳама назорати хизматрасонии тиббӣ ба беморони коронавирус, шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҷараёни табобати гирифторони бемории мазкур мебошад.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






