Дафтари минтақавии UNODC барои расонидани кумакҳои техникӣ ба сарҳадбонони тоҷик изҳори омодагӣ кард
ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз зимни мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода Намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухадир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои Осиёи Марказӣ Ашита Миттал аз вазъияти баамаломада дар сарҳади Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, омодагии худро барои расонидани кумакҳои техникӣ ба сарҳадбонони тоҷик баён кардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аз раванди рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNODC изҳори қаноатмандӣ карда, масоили тақвият додани иқдомҳоро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухадир, мудирияти сарҳад ва такмили иқтидори миллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон низ изҳори назар намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид






