Дар Черногория ҳамоиши шашуми Шўрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 июли соли равон дар пойтахти Черногория – шаҳри Подгоритса ҳамоиши шашуми Шўрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ баргузор гардид. Дар кори он раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин бора раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзулло Баротзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Чорабинии мазкур дар доираи ҳамкории ҳамаҷониба ва машварату ҳамоҳангӣ бо Скуптшинаи (Парламенти) Черногория роҳандозӣ шуда, дар он намояндагони 44 кишвар аз Аврупо, Америка, Африка, Осиё ва аз кишварҳои ИДМ вакилон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон иштирок доштанд.
Ҳамоиши шашуми Шўрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ зери унвони “Роҳҳои таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирӣ” аз ҷаласаи умумӣ ва ҷаласаи бахшҳо иборат буд. Ҷаласаи умумӣ дар бинои парламенти Черногория баргузор гардид. Дар он гузоришҳои раиси Парламенти Черногория Алекса Бечич, Вазири корҳои хориҷии Черногория Дорде Радулович, раиси Иттиҳоди байнипарламентӣ Дуарте Пачеко, раиси Конгресси Гватемала Аллан Родригес ва раиси Шўрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ал-Ҷарвон шунида шуданд.
Дар ҷаласаҳои кории бахшҳо вакилон аз парламентҳои кишварҳои хориҷӣ суханронӣ ва мубодилаи васеи афкор намуданд.
Дар ҳамоиши мазук ҳамчунин намояндаи Тоҷикистон- раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода изҳор дошт, ки «дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи байни кишварҳо ва роҳандозии иқдомҳои созанда нақши муассир дорад. Фазои мусоиди корҳои созандагӣ ва ободонӣ, ки ҳоло дар кишвари мо ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон фароҳам омадааст, натиҷаи сиёсати муваффақонаи таҳаммулпазирӣ ва таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аст, ки бунёдгузор ва меъмори асосии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Мо тавонистем бо роҳи таҳаммулпазирӣ ва сулҳхоҳона ба нооромӣ ва нофаҳмиҳои муваққатӣ дар оғози давраи истиқлол ба зудӣ анҷом бахшем”.
“ Ин хидмати бузурги Пешвои муаззами миллатро Дабири кулли вақти СММ Кофи Аннан ва чанде аз ҳукуматдорони онвақта ҳамчун намунаи ибрат ва таҷрибаи омўзанда барои кишварҳои ҷангзада дониста буданд. “Мо мехоҳем ҳамин таҷрибаи сулҳофаринии мо аз тариқи баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ пайваста ва беҳтар ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад, то ки ҷанбаҳои омўзандаи он барои ҳалли низоъҳои гуногуни минтақавӣ ва ҷаҳонӣ васеъ истифода шаванд” – изҳор дошт Ф. Баротзода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






