Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» ҷамъбаст гардид

Июль 3, 2021 19:32

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 3 июли соли равон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амфитетари шаҳри Душанбе даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба фарҳанги либоспушӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша кард.

Сипас намоиши либосҳои миллӣ, аз қабили чакан, атласу адрас ва либоси бадахшонӣ бо дӯхти пешинаву ҳозиразамон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки Фестивали мазкур бо мақсади гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи баланди аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ доир шуд.

Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»: либосҳои миллӣ ва муосир барои кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон ва занону мардон дар асоси банди 7-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 роҳандозӣ гардида, дар он тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди худро ба намоиш гузошта, ҳунари зебоиофарии онҳо тарғибу ташвиқ гардид.

Бояд гуфт, ки Фестивал бо фарогирии намояндагони тамоми манотиқи Тоҷикистон дар 3 давр сурат гирифт. Даври якум бо муайян намудани беҳтарин тарроҳон, дӯзандагон, эҷодкорон, рассомон аз маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраку ҷамоатҳо дар сатҳи ноҳия ва шаҳр, даври дуюм дар сатҳи шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, даври сеюм бошад, дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар Фестивал синну соли иштирокчиён аз 3 то 40-сола муқаррар гардида, ба намоиш ва ороиши зебогии либос эътибори хоса дода шуд.

Фестивал аз рӯи 6 номинатсия — намоиши либосҳои кӯдакон ва наврасон; намоиши либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ ва хоси корвони шодбошӣ (карнавалӣ); намоиши либосҳои рӯзмарраи духтарон, бонувон, ҷавонписарону мардон; намоиши либосҳои маросимӣ ва идона; намоиши либосҳои расмӣ (протоколӣ); намоиши либосҳои арӯсии миллӣ ва муосир баргузор гардид.

Иштирокчиёни фестивал дар пешниҳоди либосҳои муосир гуногунрангии нақшу нигори маҳалҳоро эҳё намуданд.
Беҳтарин иштирокчиёни фестивал аз тарафи Кумитаи тадорукот бо диплому сипосномаҳо ва ташаббускороне, ки дар баргузории фестивал саҳмгузорӣ намуданд, бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 3, 2021 19:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд