Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд

Июль 13, 2021 08:32

ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, вазъи амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкории муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимнан ҷонибҳо бар зарурати тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва энергетика, аз ҷумла амалисозии лоиҳаи CASA-1000 таъкид карданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкории Тоҷикистон ва Покистонро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ва нахустин нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон, ки 14 июли 2021 дар сатҳи вазирон дар Душанбе доир мешавад, иштирок хоҳад кард.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 13, 2021 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна