Дар коргоҳҳои шаҳри Гулистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуд ба роҳ монда шудааст
ХУҶАНД, 17.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Давоми шаш моҳи соли 2021 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи беш аз 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Аз ин 96,7%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,3%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва бахши соҳибкорӣ мансуб аст. Дар ин бора 15 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Маҷидӣ ба рӯзноманигорон маълумот дод.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», зимни нишаст раиси шаҳр инчунин иброз намуд, ки дар шашмоҳаи аввал дар шаҳр 2 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин давра вазни қиёсии корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии миқёси вилояти Суғд 34,3 фоизро ташкил дода, истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба корхонаҳои саноатии шаҳр 36,1 миллион сомонӣ сармои хориҷӣ ҷалб гардида, инчунин дар ин давра дар осоишгоҳҳои соҳили «Баҳри тоҷик» 379 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 12751 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ, дар маҷмӯъ беш аз 13 ҳазор нафар истироҳат намуданд.
Ҳамзамон вобаста ба омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баён гардид, ки то ба имрӯз дар қаламрави шаҳр ва шаҳраку ҷамоатҳои он беш аз 204 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҷашни бузурги миллӣ дар маҷмӯъ беш аз 221 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






