Дар минтақаи Кӯлоб ба 1779 нафар гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда шуд

Июль 20, 2021 09:50

КӮЛОБ, 20.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи  минтақавии  Хадамоти давлатии  ташхиси тиббию  иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоб нишасти матбуотӣ бо  иштироки  намояндагони ВАО баргузор  гардид.

Сармутахассиси шуъба Сайфиддин Юсупов аз  натиҷаи шашмоҳаи кори шуъба маълумот дода, гуфт, ки «дар шаш моҳи соли ҷорӣ  ба сохторҳои шуъба  барои гузаштан  аз ташхиси тиббию  иҷтимоӣ  ҳамагӣ 2779  нафар калонсолон  ва 1318  нафар кӯдакони то 18-сола  муроҷиат намуданд, ки  аз ин  ба 2582 нафар калонсолон  ва 1227 нафар  кӯдакон  маъюбӣ муайян карда шуд».

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра такроран  1813 нафар   муоина карда шуда,  аз ин теъдод  ба 1779 нафар гурӯҳи маъюбӣ дода шуд. Инчунин  аз сабаби барқарор шудани  вазъи саломатӣ, гурӯҳи маъюбии 34 нафар қатъ гардид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар хадамот бемориҳое, ки  боиси маъюбии калонсолон мегарданд,  аз ҷумла  бемориҳои асаб, рӯҳӣ, ҷарроҳӣ, эндрокрини  чашм, дил, сил, саратон, узвҳои такягоҳ ва бофтаҳои  мушаку пойҳо  мебошанд, ки  нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта  зиёд  гардидааст.  Сабабҳои зиёдшавӣ ва вазниншавии  маъюбӣ дар минтақа  сари вақт муроҷиат накардани маъюбон ба беморхонаҳо, бархурдор  нагардидани  онҳо  аз табобату  тадбирҳои тавонбахшӣ ва ғайра мебошанд.

Бо мақсади  таҳия ва  ташаккули  махзани иттилоотӣ  оид ба маъюбон  ва мусоидат  ҷиҳати  ҷорӣ намудани  низоми электронии  бақайдгирии маъюбон  дар фаҳристи  ягонаи иттилоотии  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб  бори нахуст соли 2021 ба 803 нафар  беморони калонсол  гурӯҳи  маъюбӣ муқаррар гардид.

 

Акс аз бойгонӣ

Июль 20, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ