Дар ноҳияи Роштқалъа бинои маъмурии Нерӯгоҳи барқии обии «Себзор» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои маъмурии Нерӯгоҳи барқии обии «Себзор» ба истифода дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар маросими ба истифода додани бинои мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, Раиси ноҳияи Роштқалъа Лоиқ Назаршозода ва дигар намояндагони сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли 2015 дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии НБО «Себзор» оғоз бахшиданд.
Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади рушди устувори деҳот, энергияи сабз ва паст намудани сатҳи камбизоатии сокинони ноҳияи дурдасти Тоҷикистон, дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъа дар масофаи 15 километр дар қисми шарқии шаҳри Хоруғ Неругоҳи барқии обии «Себзор» бунёд мешавад.
Баъди ба кор даровардани неругоҳи мазкур то 60 нафар кадрҳои соҳибихтисоси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Дар доираи амалишавии он тахминан 220 ҳазор нафар аҳолӣ бо неруи барқ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамзамон шароит ба миён меояд, ки неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шавад. Барои сохтмони неругоҳ беш аз 180 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бо сохтмони НБО «Себзор» бунёди хати баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолтаи «Себзор — Хоруғ» бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин минбаъд боиси баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ










Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






