Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июль 1, 2021 08:55

ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн Намояндаи доимии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) ҷаноби Лю Женмин дар шакли маҷозӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корњои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим, татбиқи қатъномаи «Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Ню-Йорк, 2023) ва таъсири ҳамагирии Ковид -19 ба раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафҳо омодагии хешро барои идома додани ҳамкории самарабахш баён карданд.

Ҳамчунин 29 июн мулоқоти арзи адаби Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ хонум Розмари Ди Карло доир гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин дар мавриди вазъияти амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вежа Афғонистон мубодилаи афкор намуанд.

 

Аксҳо аз ВКХ ҶТ

Июль 1, 2021 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна