Дар остонаи ҷашни миллӣ дар Тоҷикистон рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» ба истифода дода мешавад

Июль 16, 2021 15:31

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт Майдони «Истиқлол» бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ»  ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии Майдони «Истиқлол»  бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ», ки фармоишгари он Раёсати сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад, 70-75 фоиз иҷро гардидаанд.

Тавре имрӯз дар ҷараёни  нишасти  матбуотӣ Раиси Кумитаи сохтмон  ва меъмории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода  дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, « раванди сохтмони ин иншооти ҷашнӣ зери назорати доимии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Алҳол дар бунёди ин иншооти ҷашнӣ 15 пудратчӣ, инчунин ду ширкати чинӣ кор менамоянд. Ҳамзамон ҷиҳати бунёди ин иншоот бо бархе аз ширкатҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои аврупоӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст».

Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектар буда, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад. Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо  иборат мебошад. Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991 ба даст овардани истиқлолро таҷассум  менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар оянда ба макони таърихӣ, зебову дилфиреб ва сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахт табдил меёбад, зеро он бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои истиқлол ва озодӣ бунёд карда мешавад.

Июль 16, 2021 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад