Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми таҳсил оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2021 /АМИТ«Ховар»/. 1 июли соли соли равон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои санитарӣ-гигенӣ даври дуюми таҳсил оғоз гардид. Тавре сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ пешбинӣ шудааст, ки яке аз якуми январ оғоз гардида, он то охири моҳи май ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда мешавад. Даври дуюми таҳсил бошад, аз 1-уми июл дар Артиши миллии мамлакат шурӯъ шуда, то охири моҳи ноябр пурра ба анҷом мерасад.
Ногуфта намонад, ки зимни оғози ҳар як даври таҳсил ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни назариявию амалӣ ва баромадҳои саҳроӣ ба нақша гирифта шуда, он бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣташкилу ба роҳ монда мешавад.
Ҳамзамон ба зикри мавсуф, имсол низ дар рӯзи нахустини оғози даври дуюми омӯзишӣ, бо андешидани тамоми тадбирҳо вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии ҳамагуна бемориҳои сироятиву мавсимӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, чун оини доимии низомиён ин чорабинии муҳим дар Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои навъи қӯшунҳо ва қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ бо сафороии ҳайати шахсӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Масъулини вазорати мудофиа ва намояндагони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки сарпарастии бевоситаиҷузъу томҳоро бар уҳда доранд, дар ин чорабиниҳои ҷашнӣ, вобаста ба оғози даври дуюми таҳсил ширкат намуда, доир ба ҳадафу моҳияти дарсу машғулиятҳои омӯзишӣ баромад карданд ва ба ҳайати шахсӣ хониши аълоро орзунамуданд. Илова бар ин, дар чунин чорабиниҳо роҳбарони машғулиятҳо дар саҳни ҳавлии тамоми қисмҳои низомӣ ва дигар нуқтаҳои таълимӣ ашёву лавозимоти намунавии даври омӯзиширо дар назди ҳайати шахсӣ мегузоранд.
Ҳамзамон барои омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ тамоми нуқтаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои тобистонаи қисмҳои ҳарбироба таври доимӣбо асбобҳои аёнии дарсӣ ва дигар дасгоҳу лавозимоти омӯзишӣ, ки ба иҷрои вазифаҳои ҳар як навъи қӯшун нигаронида шудаанд, муҷаҳҳаз менамоянд. Илова бар ин, дар қисмҳои низомӣ барои ташкилу баргузории машғулиятҳои назариявию амалии саҳроӣ, ки он мувофиқи нақша аз рӯи мавзӯъҳои омодагии ҷангӣ, тактикию тирандозӣ, муҳандисию оташфишонӣ, рондани техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ, дарсҳои тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ ва маълумот бардоштан аз авзои сиёсии дохиливу бурунмарзӣ, ки ғайр аз вақтҳои истироҳатии сарбозон дар дигар рӯзҳо давоми 6 соат муқаррар шудааст, афсарони пуртаҷриба вобаста мегарданд. Рафти таълимоти фанҳои низомии ҳайати шахсӣ аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва афсарони масъули навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста назорат карда мешаванд ва натиҷаи таълимот ва дониши андӯхтаи хизматчиёни ҳарбӣ зимни анҷоми даври муайяншудаи омӯзишӣ мавриди санҷиш қарор мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки барои гузаронидани чунин машғулиятҳои намунавӣ вобаста ба оғози давраҳои омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа, сардорони раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ,ҳар як фармондеҳи навъи қӯшун, командирони қисмҳои низомӣ ва афсарону сарбозони вобастаи ҷузъу томҳо, бо кумаку дастгирии роҳбарият ва хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа тамоми кушишу ғайрати хешро ба он равона мекунад, то дар муддати як моҳе, ки барои тайёрӣ ба даври навбатии омӯзишӣ пешбини мешавад, тамоми шароитҳои зарурии таълимиро муҳайё созанд.
Дар ин замина, баҳри тақвият бахшидани донишу малакаи касбии низомиён, такмили маҳорати соҳавӣ ва сайқал додани таҷрибаи пешқадам дар самти пешбурди хизмати шабонарӯзии ҳайати шахсӣ, тамоми шароити хизмативу маишӣ, таълимиву фароғатӣ ва заминаҳои хуби моддиву техникӣ фароҳам оварда мешаванд.
АКСҲО: Вазорати мудофиаи ҶТ










ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон






