Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми таҳсил оғоз гардид

Июль 2, 2021 11:56

ДУШАНБЕ, 02.07.2021 /АМИТ«Ховар»/. 1 июли соли соли равон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои санитарӣ-гигенӣ даври дуюми таҳсил оғоз гардид. Тавре сардори Маркази матбуоти  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ пешбинӣ шудааст, ки яке аз якуми январ оғоз гардида, он то охири моҳи май ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда мешавад. Даври дуюми таҳсил бошад, аз 1-уми июл дар Артиши миллии мамлакат шурӯъ шуда, то охири моҳи ноябр пурра ба анҷом мерасад.

Ногуфта намонад, ки зимни оғози ҳар як даври таҳсил ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни назариявию амалӣ ва баромадҳои саҳроӣ ба нақша гирифта шуда, он бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣташкилу ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон ба зикри мавсуф, имсол низ дар рӯзи нахустини оғози даври дуюми омӯзишӣ, бо андешидани тамоми тадбирҳо вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии ҳамагуна бемориҳои сироятиву мавсимӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, чун оини доимии низомиён ин чорабинии муҳим дар Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии  Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои навъи қӯшунҳо ва қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ бо сафороии ҳайати шахсӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Масъулини вазорати мудофиа ва намояндагони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки сарпарастии бевоситаиҷузъу томҳоро бар уҳда доранд, дар ин чорабиниҳои ҷашнӣ, вобаста ба оғози даври дуюми таҳсил ширкат намуда, доир ба ҳадафу моҳияти дарсу машғулиятҳои омӯзишӣ баромад карданд ва ба ҳайати шахсӣ хониши аълоро орзунамуданд. Илова бар ин, дар чунин чорабиниҳо роҳбарони машғулиятҳо дар саҳни ҳавлии тамоми қисмҳои низомӣ ва дигар нуқтаҳои таълимӣ ашёву лавозимоти намунавии даври омӯзиширо дар назди ҳайати шахсӣ мегузоранд.

Ҳамзамон барои омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ тамоми нуқтаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои тобистонаи қисмҳои ҳарбироба таври доимӣбо асбобҳои аёнии дарсӣ ва дигар дасгоҳу лавозимоти омӯзишӣ, ки ба иҷрои вазифаҳои ҳар як навъи қӯшун нигаронида шудаанд, муҷаҳҳаз менамоянд. Илова бар ин, дар қисмҳои низомӣ барои ташкилу баргузории машғулиятҳои назариявию амалии саҳроӣ, ки он мувофиқи нақша аз рӯи мавзӯъҳои омодагии ҷангӣ, тактикию тирандозӣ, муҳандисию оташфишонӣ, рондани техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ, дарсҳои тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ ва маълумот бардоштан аз авзои сиёсии дохиливу бурунмарзӣ, ки ғайр аз вақтҳои истироҳатии сарбозон дар дигар рӯзҳо давоми 6 соат муқаррар шудааст, афсарони пуртаҷриба вобаста мегарданд. Рафти таълимоти фанҳои низомии ҳайати шахсӣ аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва афсарони масъули навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста назорат карда мешаванд ва натиҷаи таълимот ва дониши андӯхтаи хизматчиёни ҳарбӣ зимни анҷоми даври муайяншудаи омӯзишӣ мавриди санҷиш қарор мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки барои гузаронидани чунин машғулиятҳои намунавӣ вобаста ба оғози давраҳои омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа, сардорони раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ,ҳар як фармондеҳи навъи қӯшун, командирони қисмҳои низомӣ ва афсарону сарбозони вобастаи ҷузъу томҳо, бо кумаку дастгирии роҳбарият ва хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа тамоми кушишу ғайрати хешро ба он равона мекунад, то дар муддати як моҳе, ки барои тайёрӣ ба даври навбатии омӯзишӣ пешбини мешавад, тамоми шароитҳои зарурии таълимиро муҳайё созанд.

Дар ин замина, баҳри тақвият бахшидани донишу малакаи касбии низомиён, такмили маҳорати соҳавӣ ва сайқал додани таҷрибаи пешқадам дар самти пешбурди хизмати шабонарӯзии ҳайати шахсӣ, тамоми шароити хизмативу маишӣ, таълимиву фароғатӣ ва заминаҳои хуби моддиву техникӣ фароҳам оварда мешаванд.

 АКСҲО: Вазорати мудофиаи ҶТ

Июль 2, 2021 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд