Дар заминаи Академияи идоракунии давлатӣ магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода шуд

Июль 27, 2021 13:28

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолиятро самаранок ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрӣ тадбирҳои судманд амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар заминаи Академия магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода шуд. Раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки қабули довталабонро ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монад.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдухалил Ғафурзода ба  хабарнигорон изҳори назар намуд.

Зикр шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 Академияи идоракунии давлатиро 883 нафар донишҷӯёну магистрантон бояд хатм менамуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 556 нафар зиёд мебошад. Аз 834 нафаре, ки дар аттестатсияи давлатии хатм иштирок намуданд, 808 нафарашон аз аттестатсияи давлатии хатм бомуваффақият гузашта, 26 нафар хатмкунандагон, мутаассифона, соҳиби баҳои ғайриқаноатбахш гардида, аз аттестатсияи давлатӣ нагузаштанд. Натиҷаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон нисбат ба соли гузашта 5,9% баланд шудааст. Аз шумораи умумии хатмкунандагони зинаи бакалавру магистратура 54 нафарашон бо дипломи аъло хатм намуданд, ки 10,1%-и умумиро ташкил медиҳад.

Абдухалил Ғафурзода вобаста ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ иброз дошт, ки Пажӯҳишгоҳ ҳамчун воҳиди сохтории Академияи идоракунии давлатӣ дар кори гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷиҳати пурсамар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ нақши фаъол дорад.

Айни замон дар сохтори Пажӯҳишгоҳи  идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ 4 маркази омӯзишии илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис дода шудаанд, ки ин Маркази таҳлил ва тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ; Маркази муқовимат бо коррупсия ва тадқиқоти сотсиологӣ; Маркази омӯзиши масоили муҳоҷират ва Маркази идоракунии лоиҳаҳо мебошанд.

Фаъолияти Маркази муқовимат бо коррупсия ва тадқиқоти сотсиологӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи Тоҷикистон равона шуда, самти кории Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия мебошад.

Дар нишаст зикр шуд, ки дар Академия 3824 донишҷӯ ва магистрант  таҳсил  менамоянд, ки 787 нафарашон тариқи ройгон ва 3037 нафар тариқи пулакӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Июль 27, 2021 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид