Дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон ғолиби «Ҷоми Эсхата» гардид

Июль 2, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 02.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон дар мусобиқае, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, ғолиб омада, соҳиби мақоми аввал ва «Ҷоми Эсхата» гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи «Ҷоми Эсхата» бахшида ба таҷлили 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи хурди бонкҳои кишвар гузаронида шуда, дар он ҳашт даста, аз ҷумла дастаи Бонки миллии Тоҷикистон, «Амонатбонк», «Бонки Эсхата», «Ориёнбонк», «Арванд», «Тавҳидбонк», Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд ва филиали Бонки «Арванд» дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи футболбозони Бонки миллии Тоҷикистон дастаи «Бонки Эсхата»-ро бо ҳисоби 6:3 мағлуб намуда, барандаи ҷойи аввал ва сазовори Ҷоми мусобиқа гашт. «Бонки Эсхата» мақоми дуюмро ишғол  намуд.

Қувваозмоӣ барои дарёфти ҷойи сеюм миёни дастаҳои футболи «Амонатбонк» ва шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд  хеле шавқовар гузашт.Дастаи футболи «Амонатбонк» баъди пирӯзӣ бо ҳисоби 5:1 сазовори ҷойи сеюми мусобиқа гардид.

Ҳамин тавр унвони «Мураббии беҳтарин» ба Наврӯз Қурбонов, «Дарвозабони беҳтарин» ба Фаридун Мирзоев ва «Бозингари беҳтарин» ба Мансур Эргашев, ки ҳар се аъзои дастаи  Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд, дода шуд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқаи варзишӣ сардори шуъбаи футболи хурди Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов, мудири шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев ва роҳбарияти бонкҳо сухан намуда, баргузории  мусобиқаро дар рушд ва оммавигардонии соҳаи варзиш, таҳкими ти дӯстӣ байни кормандони низоми бонкии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Акс аз Бонки миллии Тоҷикистон

 

Июль 2, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд
ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод
«ҶОМИ МЕРДЕКА-2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо яккачини Лубнон бозӣ мекунад
«Ҷоми Мердека-2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили тими миллии Лубнон бо либосҳои сурх бозӣ мекунад
Гулмуроди Саъдулло бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Чин ва Арабистони Саудиро доварӣ мекунад
ФУТБОЛ. Имрӯз бозиҳои ҷавобии даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оғоз мегарданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Қазоқистон ду бозии дӯстона анҷом дод
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) соҳиби ҷойи сеюм гардид
ФУТБОЛ. Рақибони дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2024/25 муайян шуданд