Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мавқеи худро дар рейтинги ҷаҳонӣ 3 734 зина боло бурд
ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо нишондиҳандаҳои баландтарин аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2021 дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities дар ҷойи якум қарор гирифта, мавқеи худро миёни зиёда аз 31 000 донишгоҳҳои ҷаҳон 3 734 зина боло бурд.
Тавре муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳи мазкур Шаҳриёр Саъдуллозода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон миёни зиёда аз 31 000 донишгоҳи ҷаҳон дар ҷойи 5983 қарор гирифт.
Рейтинги мазкур дар асоси пажӯҳиши Шӯрои миллии тадқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, нашр мегардад. Webometrics Rankingof Universities World, ки бо номи Ranking Webof Universities маъруф аст, системаи глобалии рейтинги донишгоҳҳо мебошад, ки вобаста ба якчанд нишондиҳанда, аз ҷумла нашри тадқиқоти илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ (Scopus, Webofscience, Google Academy ва ғайра), иқтибоси беруна ба мақолаҳои илмӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии аспирантон ва татбиқи натиҷаи онҳо дар хориҷи кишвар, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, дарёфти патентҳои сатҳи байналмилалӣ ва фаъолияти сомонаи интернетӣ асос ёфтааст. Рейтинги мазкур дар асоси пажӯҳиши Шӯрои миллии тадқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, ҳамасола нашр мегардад.
Ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотӣ дар шабакаи ҷаҳонии Internet ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои илмӣ мебошад. Ташкилоти мазкур аз соли 2004 инҷониб рейтинги муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотиро муайян намуда, ҳар шаш моҳ -моҳҳои январ ва июл натиҷагирӣ ва нашр менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии қаблӣ донишгоҳ дар мавқеи 9717 қарор дошт.
АКСҲО аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон









Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид






