Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон имсол ба зиёда аз ним миллион мусофир хизмат расонидаанд
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имсол ба зиёда аз 337 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, беш аз 23 ҳазор мусофир ё 7, 4 фоиз зиёд мебошад.
Чунин зикр намуд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар Душанбе.
Мавсуф афзуд, ки миқдори умумии бор ва почтаи қабул ва интиқолгардида дар ин давра тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 535 тоннаро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 153 тонна ё беш аз 40 фоиз зиёд аст. Хатсайрҳои хизматрасонида 1841 ададро ташкил доданд, ки ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида 346 адад зиёд мебошад.
Инчунин имсол дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 59 ҳолати ба таъхир гузоштани парвозҳо ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон зикр гардид, ки дар ин давра даромади фурудгоҳ беш аз 170 миллион сомонӣ ва хароҷот зиёда аз 147 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар ин давра фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб дар маҷмӯъ ба зиёда аз 517 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 ҳазор ё 4,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 337 ҳазор мусофир, Хуҷанд зиёда аз 110 ҳазор, Кӯлоб зиёда аз 56 ҳазор ва ба фурудгоҳи Бохтар беш аз 13 ҳазор мусофир рост меояд.








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






