Илҳомҷон Атоев: 50 вазорату идораҳо ба шабакаи ҳукумати электронӣ пайваст карда шудаанд

Июль 12, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барқарорсозии шабакаи ҳукумати электронӣ дар байни вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, 50 вазорату ташкилот ба шабакаи мазкур пайваст карда шудаанд. Ҳоло барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ибрози назар намуд.

Мавсуф зикр дошт, ки ҳаҷми хизматрасонии алоқаи барқӣ ба аҳолӣ 1 миллиарду 122 миллиону 510 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2020 (975 млн. 378 ҳазору 511 сомонӣ)  115,1 фоиз шудааст. Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 дар соҳаи алоқаи барқӣ аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 80 миллиону 933 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шудааст, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда 100,3 фоиз мебошад.

Дар нишаст зикр шуд, ки шумораи умумии муштариёни алоқаи барқии собит 356 ҳазору 383 нафарро ташкил дода, аз онҳо 79 ҳазору 829 адади он фаъол мебошад.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 158 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ оид ба насби истгоҳҳои базавии ширкатҳои алоқаи мобилӣ дода шудаанд. Барои баррасии аризаҳо, додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва истифодаи радиобасомадҳо тибқи талаботи муқарраршуда 27632 сомонӣ маблағ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст.

Дар мавриди истифодаи симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ зикр гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2021  шумораи истифодабарандагон 7 миллиону 571 ҳазору 500 ададро ташкил дод, ки 5 миллиону 144 ҳазору 226 ададашон муштариёни фаъол мебошанд. Инчунин шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 3,34 млн. нафарро дар бар мегирад.

Июль 12, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад