Имрӯз Вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Академияи миллии илмҳо, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 27, 2021 08:17

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июл Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик  Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»,  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе  оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳо соати 08:00 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳо баргузор мешавад.

Академияи идоракунии давлатӣ соати 09:00 дар Академияи мазкур нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ соати 10:00 дар Вазорати корҳои хориҷӣ доир мешавад.

Агентии авиатсияи гражданӣ дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 10:00 дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ  соати 11:00 дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ доир мегардад.

Нишасти матбуотии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мешаванд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Июль 27, 2021 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Дарвоз се оила сазовори ҷойҳои намоён шуданд
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
Дар шаҳри Гулистон ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти хосса дода мешавад
Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ҷавонони гуногункасб мулоқот доир шуд
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин