Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар намоишгоҳи байналмилалии «Иннопром -2021» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар чорабиниҳои Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии саноатии «Иннопром — 2021: барои саломатӣ ва бехатарӣ», ки дар бинои Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо «Екатеринбург — ЭКСПО» ҷараён дорад, иштирок намуд.
Тавре аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имсол кишваршарики ин намоишгоҳ Ҷумҳурии Италия мебошад. Дар «Иннопром-2021» пешсафони ҷаҳонии арсаи саноат, коршиносон ва меҳмонони воломақоми хориҷӣ ширкат меварзанд.
Дар иҷлоси асосии стратегӣ — дар доираи Намоишгоҳ Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин иштирок ва суханронӣ кард.
Пас аз ба итмом расидани ҷаласаи асосии стратегӣ дипломати тоҷикистонӣ ба хотири ҷустуҷӯйи самтҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд аз экспозитсияҳои гуногуни миллии «Иннопром-2021» дидан намуд.









Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






