«Мадади Шарқ», «Амир саёҳат» ва «Сайри Шоҳин» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд

Июль 24, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Се ширкати нави туристӣ — «Мадади Шарқ», «Амир саёҳат» ва «Сайри Шоҳин» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ширкатҳои нави сайёҳӣ бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар таъсис дода шудаанд.  Дар маросими ботантана, ки дар Душанбе доир гардид, ба роҳбарони ширкатҳои нави сайёҳӣ аз ҷониби муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ супорида шуд.

Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба захираҳои сайёҳӣ ва рушди соҳаи хизматрасонӣ бештар гардид. Зиёда аз 100 ширкати нави сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома гардида, вориди бозори сайёҳии кишвар шуданд. Айни ҳол дар Тоҷикистон 226 ширкати ватанӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд.

Дар мамлакати мо асосан навъҳои сайёҳии солимгардонию табобатӣ, шикор, экологӣ, аграрӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ маъмул мебошанд.

Июль 24, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд