МТС узви Маркази таҳлилии СААД, Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар Бишкек мебошад

Июль 26, 2021 15:41

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориро густариш дода, узви Маркази таҳлилии СААД, Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ба хабарнигорон иброз дошт.

Мавсуф иттилоъ дод, ки  дар шаш моҳи аввали соли равон кормандони Марказ   ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар ниҳодҳои давлатӣ  46 гузориши таҳлилӣ,  иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1043 саҳифа   пешниҳод намуданд.

«Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва машваратии мамлакат бо мақсади амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият  менамояд.

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба роҳ монд»,- гуфт Хуршед Зиёӣ.

Марказ бо якчанд марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии  дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии марказҳои Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон ҳамкории самарабахш  дорад.

Июль 26, 2021 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад