«Муборизи ҷонфидо. Таърих номи Шириншоҳ Шоҳтемурро фаромӯш нахоҳад кард», — шарҳи матбуоти Тоҷикистон дар ҳафтаи равон

Июль 2, 2021 11:36

ДУШАНБЕ, 02.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Матбуоти даврии Тоҷикистон  дар ҳафтаи равон  рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро чоп намудааст.

«Ҷумҳурият» — нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 128 (24  235), сешанбе 29 июни соли 2021 дар радифи нашри хабару гузоришҳои расмӣ аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои мамлакат гузоришҳои васеъ чоп намудааст. Инчунин таҳти унвони «Муборизи ҷонфидо. Таърих номи Шириншоҳ Шоҳтемурро фаромӯш нахоҳад кард»  мақола мудири шуъбаи рушди иҷтомоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султон интишор гардидааст, ки дар он гуфта мешавад: «… Агар ба саҳифаи таърихи зиндагии ин абарманди таърих нигарем, дар айёми наврасӣ дар хоҷагии сардори отряди сарҳадчиён кор кардани ӯ, сипас ба маркази генерал-губернатори ҳамонвақтаи Туркистон-шаҳри Тошканд рафта, ошноӣ бо намояндагони синфи коргари Россия, идомаи фаъолият дар заводҳои шаҳри Тошканд ва дар роҳи оҳан имкон доданд, ки ӯ ҳамчун шахсияти аз вазъи замон огоҳ, матинирода ва ботаҷриба зина ба зина ташаккул ёбад. Дар ин муддат Ш. Шоҳтемур шоҳиди бевоситаи дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ  гардида, бо барпокунандагон аз наздик ошно гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намуд, ки ин авомил дар фаъолити ояндаи ӯ барои ташкил кардан ва тараққӣ додани Тоҷикистон заминаи муҳим гузоштааст…». Шакли пураи ин маводро метавонед аз ин шумора мутолиа намуед.

Ҳамзамон дар ин шумора хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд мақолаҳои хонданбобро, ба мисли «Аз озмуни «Ҷумҳурият» саодатмандам!», «Рӯгзоре барои ибрат ё нақши озмуни «Ҷумҳурият» дар гиромидошти хизматҳои мондагор», «Рашт. Тантанаи 110-солагии Мирзо Турсунзода», «Бадахшон. Вақт масъулияту оянддасозист», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», « Ҳадаф-тарбияи наврасону ҷавонон дар роҳи худшиносӣ» мутолиа намоянд. Инчунин дар ин шумораи «Ҷумҳурият» зери рубрикаи «Аз пай мактуб», «Навиди фарҳанг», «Ҷаҳон» ва «Варзиш» хонандагон имкони мутолиаи  хабарҳои ҷолиби ҳафтаи равонро доранд.

 «Садои мардум»-нашрияи Парлумони Тоҷикистон — Маҷлиси Олӣ дар шумораи 85-86 (4348) чоршанбе, 30 июни соли 2021 доир ба  сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон, мулоқоти Предидетни Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Вулуси ҷирга (Маҷлиси намояндагон)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, суҳбати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо  Раиси Вулуси ҷирга (Маҷлиси намояндагон)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, инчунин Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар баораи Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон» хабару гузоришҳо интишор намудааст.

Дар ин шумора мақолаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Холбойзода таҳти унвони «Барои рушди саноати сабук чӣ бояд кард?» интишор гардидааст, ки муаллиф шумораи корхонаҳои саноатиро ба 2274 адад номида, зикр кардааст, ки  то соли 2025 ин шумора ба зиёда аз 3500 адад  мерасад. Инчунин дар мақолаи мазкур омадааст, ки «Соли 1991 дар кишвар 358 корхонаи саноатӣ фаъол буд. Соли 2020-ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд». Ҳамчунин муаллиф вобаста ба рушди саноати сабук чунин нигоштааст: «Матоъҳои пахтагин ва абрешимии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар талаботи зиёд дорад. Бинобар ин, бештар кардани теъдоди корхонавҳои истеҳсолии саноати сабук тақозои давру замон аст. Рушди қолинбофӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чарму пашми чорво низ судовар хоҳад буд. Солҳои охир дар минтақаҳои гуногун чорводорӣ эҳё ва рушд меёбад. Ба мушоҳида мерасад, ки на ҳама вақт пашму пӯсти чорво самаранок истифода мегардад. Дар баъзе аз маврид аҳолӣ баъди забҳи чорво пӯсту пашми онро ба партовгоҳҳо мепартоянд. Хуб мешуд, ки дар деҳот марказҳои қабули ашёи хоми зикршуда  ва корхонаҳои коркарди пӯсту пашим таъсис дода шавад».

 «Народная газета»-нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 25 (20306) чоршанбе, 30 июни  соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмии кишвар доир ба сафари расмии Президенти Қирғизистон Садир Жапаров  ба Тоҷикистон, гуфтугуй телефонии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Паёми шодбошии Пешвои миилат ба муносибати Рӯзи Ваҳтади миллӣ хабару гузоришҳои расмӣ чоп намудааст.

Инчунин дар ин шумора хонандагони «Народная газета» метавонанд мақолаҳои зеринро мутолиа намоянд: «Послание: основа развития государства, обеспечения экономической безопасности», «Расширение межпарламентского сотрудничества и развитие законодательной детельности», «Единство и независимость-факторы прочности государства», «Секретари Совбеза стран ШОС рассмотрели вопросы обеспечении безопасности в регионе».

«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 26 (1320), чоршанбе, 30 июни соли 2021  доир ба иштироки Пешвои миллат дар 5-умин иҷлосияи махсуси созмони Милали Мутаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ, мулоқоти Роҳбарони ҳайатҳои –иштирокчиёни вохӯрии 16-умин отитбони Шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон гузориши муфассал интишор намудааст. Инчунин дар ин шумораи «Минбари халқ» таҳти унвони   «Канори ҳамдигар бошем», «Сохтмон-нишонаи ободӣ», «Хонаи офтоб», «Тоҷикистон хоҳони робитаҳои холисона аст», «Хуршеди Ваҳдат», «Шеъри шӯрангези шоир зинда бод!»  ва дигар маводҳои таҳлилӣ ба нашр расидаанд.

Фирӯзаи Давлат,
АМИТ «Ховар»

Июль 2, 2021 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад