Намояндагони вилояти Хатлон бо сафари корӣ ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон рафтанд
ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони вилояти Хатлон бо сафари корӣ ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон рафта, аз Минтақаи озоди иқтисодии «Термез», минтақаи озоди тиҷоратии «Маркази байналмилалии тиҷоратии Термиз», маркази байналмилалии логистикии «Термез Карго Сентр» дидан намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин ҳайат, ки роҳбариашро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба уҳда дорад, раисони як зумра шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ширкатҳо, Палатаи савдо ва саноати вилоят ва доираҳои соҳибкорӣ шомил мебошанд.
Қарор аст, ки тайи ду рӯзи оянда раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Хатлонзамин аз корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори дигари Сурхондарё боздид намуда, ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монанд.
Ёдовар мешавем, ки миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Узбекистон соли 2018 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Имрӯз ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса бо соли 2015-ум 30 маротиба афзуда, роҳбарони ду мамлакат вазифагузорӣ кардаанд, ки гардиши тиҷоратиро ба 500 миллион доллари амрикоӣ ва дар дурнамо то як миллиард доллар расонанд.











Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






