Намояндаи Ҳукумати Афғонистон таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистонро барои барқарории сулҳ дар ин кишвар бесобиқа арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар бахши дуюми ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (ШВКХ СҲШ), ки имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид, қазияи сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва роҳҳои ҳалли мусолиматомези он байни иштирокдорон баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъкид шуд, ки вазъи ноороми сиёсӣ ва идома ёфтани муноқишаҳои мусаллаҳона дар Афғонистон, ки хисороти зиёди молию ҷонӣ дар пай дорад, ба амнияту суботи кишварҳои натанҳо ҳаммарз, балки ба давлатҳои узви СҲШ ва минтақа низ таҳдид мекунад.
Дар ҷаласа авзои кунунии Афғонистон, чолишҳои сиёсӣ ва хушунати доманадор дар ин кишвар мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамкории амниятӣ ва ташкили ҷаласаҳои машваратӣ оид ба вазъи Афғонистон ва раванди сулҳ аз ҷониби давлатҳои узви СҲШ дар меҳвари нишасти имрӯзаи вазирони корҳои хориҷии Созмон қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини раванди музокироти сулҳи Афғонистон чанде қабл дар шаҳри Давҳаи Қатар, шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шаҳри Москваи Федератсияи Россия гуфтушуниди байни намояндагони Ҳукумати Афгонистон ва гурӯҳҳои мухолифи силоҳбадаст бо мусоидати кишварҳои ҳампаймон баргузор гардида, дар раванди музокирот тавофуқҳои сиёсӣ ба имзо расиданд. Аммо ҳамлаҳои мусаллаҳона ва террористӣ дар гӯшаву канори Афғонистон ҳанӯз ҳам идома ёфта, боиси нигаронии ҷиддӣ гардидаанд. Тарҳи сулҳи Афғонистон, ки аз ҷониби Ҳукумати ин кишвар таҳия шудааст, ба қатъи хушунату оташбас дар Афғонистон пешбинӣ гардида, он барои барқарории сулҳ ва пойдории амнияту осоиш қадамҳои устувор хоҳад гузошт.
Зимни ҷаласа намояндаи расмии Ҳукуматии Афғонистон аз иқдомҳо ва ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини амнияту субот дар Афғонистон ва дар сарҳадоти он ёдовар шуда, таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои барқарории сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя бесобиқа арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон доир ба вазъи сиёсии Афғонистон намояндагони расмии ин кишвар таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷонибдор ва пуштибони пешқадам ҷиҳати таъмини сулҳу амният дар қаламрави Афғонистон ҳаст ва аз минбарҳои баланди созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ қазияи доманадори Афғонистонро ба муҳокимаи умум мегузорад.
Зикр шуд, ки пуштибонӣ ва ҷонибдории амиқи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои барқарории ҳарчи зудтари сулҳ дар Афғонистон тамоми мардуми ин кишвар ҳамеша эҳсос карда, қадр менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи ШВКХ СҲШ бори нахуст вазъи сиёсии Афғонистон мавриди муҳокима қарор мегирад ва он ҳам бо ташаббусти ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.








Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд






