Нишасти матбуотӣ: Шартномаҳои суғуртавӣ оид ба ҳамаи намудҳои суғурта 13,2 фоиз бештар баста шудаанд
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон бо шахсони ҳуқуқӣ 6943 адад ва бо шахсони воқеӣ 288 538 адад шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонида шуданд, ки аз он 10812 адад ба намудҳои ҳатмӣ ва 284669 адад ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб буда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта оид ба ҳамаи намудҳои суғурта 13,2 фоиз бештар аст. Ин нуктаро директори Корхонаи Воҳиди Давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд.
Мавсуф афзуд, ки корхона дар ин давра ба шахсони зарардида ба андозаи 3105700 сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд, ки он 18,3 фоизи маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил дода, аз ин 60 ҳазор сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва 304570 сомонӣ ба шахсони воқеӣ пардохт гардидааст.
КВД «Тоҷиксуғурта» дорои 63 филиал ва 6 намояндагӣ дар вилоятҳо, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, хизматрасониро аз рӯи 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуди суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ мондааст. Ҳоло дар дастгоҳи марказии корхона ва филиалҳои он дар маҳаллаҳо 656 нафар фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 350 нафар кормандони воҳидӣ ва 306 нафар кормандони шартномавию агентҳои суғуртавиянд. Аз шумораи умумии кормандон 37 фоизро занон ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






