Ноҳияи Ёвон дар озмуни «Момодояи беҳтарин» сазовори ҷойи аввал гардид
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва лоиҳаи «Модари солим-кӯдаки солим» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озмуни «Момодояи беҳтарин» доир шуд, ки дар он ноҳияи Ёвон сазовори ҷойи аввал гардид. Довталабони ноҳияҳои Носири Хусрав, Ҷайҳун ҷойи дуввум ва Кӯшониёну А.Ҷомӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни «Момодояи беҳтарин» миёни 12 ноҳияи вилояти Хатлон: Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Леваканд, Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш ва Ёвон доир шуд. Мақсад аз он баланд бардоштани донишу малакаи момодояҳо, расонидани кумаки саривақтӣ ба занҳои ҳомила, кӯдакони навзод ва дар умум баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки татбиқи лоиҳаи нави USAID- «Модари солим- кӯдаки солим» моҳи марти имсол оғоз шуда, панҷ солро дар бар мегирад ва барои амалишавии он 17,3 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст.
Лоиҳаи USAID «Модари солим- кӯдаки солим» дастгирии техникиро ҷиҳати таҳкими тамоми сатҳҳои системаи тандурустии Тоҷикистон таъмин менамояд ва барои таъсир расонидан ба меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафтор дар самти қабули ғизо ва ҳифзи саломатии модарону кӯдакон барои мусоидат ба қабули тарзи ҳаёти солим кумак мерасонад.
Лоиҳаи мазкур ба дастовардҳои қаблан соҳибшудаи USAID оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ғизо такя намуда, ба паст намудани сатҳи қадпастӣ дар байни кӯдакони то панҷсола аз 25 то 18 фоиз ва коҳиш додани сатҳи камвазнӣ аз 11 то 6 фоиз мусоидат хоҳад намуд. USAID дастгирии иқдомеро, ки ба беҳтар намудани вазъи ғизо дар вилояти Хатлон мусоидат менамояд, идома медиҳад.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






