Нуҳ нафар ғолибони даври вилоятии озмуни «Маданияти андозсупорӣ — баҳои бофарҳангии ҷомеа» аз Бадахшон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

Июль 7, 2021 13:33

ХОРУҒ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни вилоятии «Маданияти андозсупорӣ — баҳои бофарҳангии ҷомеа» бо ширкати беш аз 50 нафар аз ғолибони даври ноҳиявӣ баргузор гардид. Ин озмун аз ду номинатсия- яке расми беҳтарин таҳти унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» ва  «Донандаи беҳтарини Кодекси андоз» иборат аст ва дар он кӯдакону наврасон, донишҷӯён, соҳибкорон ва кормандони касбу корашон гуногун ширкат намуданд. Аз миёни бештар аз 50 нафар довталабон 9 нафарашон ба Озмуни ҷумҳуриявии  «Маданияти андозсупорӣ — баҳои бофарҳангии ҷомеа» роҳхат гирифтанд.

Сардори Раёсати андози вилоят Иқбол Додихудоев гуфт, ки Кумитаи андози нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ба мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои  мамлакат  ба мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин озмунро роҳандозӣ намуд. Мақсади озмуни мазкур ташвиқу тарғиби қонунгузории андоз, баланд бардоштани фарҳанги андозсупории насли имрӯзу фардо мебошад.

Ҳайати ҳакамон  расмҳои кӯдакону наврасонро тамошо карда, ба ҳар як ҷузъиёташон аҳамият зоҳир карда, бо саволҳои иловагӣ дониши онҳоро мавриди санҷиш қарор доданд. Мутобиқи низомнома кӯдакону наврасон дар расмҳои худ бояд фаҳмишу дониши худро нисбат ба моҳияту аҳамияти андоз, сарчашмаҳои асосии андоз, дахлу харчи онро инъикос ва шарҳ дода, ба суолҳои иловагии ҳакамон посух гардонанд.

Сармутахассиси Раёсати андози вилоят Некбахт Мамадназарова гуфт, ки даври аввалу дуюми озмун  аз моҳи апрел оғоз ёфт ва дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии зиёд пайдо карда, дар он наздик ба ҳазор нафар аз кӯдакону наврасон, донишҷӯён, одамони касбу корашон мухталиф ширкат намуданд. Ҳар қадар ҷомеа дар бораи санаду меъёрҳои қонунгузории андоз, моҳияту аҳмияти он маълумоти бештар гирад, ҳамон қадар маърифати андозсупориашон  баландтар мегардад. Кӯдакон бояд аз хурдсолӣ дар бораи гардиши пул ва молу коло ба таври назариявӣ ва амалӣ маълумоти кофӣ дошта бошанд  ва чун ба балоғат расиданд, дар саришта кардани вазъи молиявии худ душворӣ намекашанд. Ҳамчунин ба дурустӣ пай мебаранд, ки барои рушди инфрасохтори шаҳру деҳа, бунёди роҳу пулҳо, мактабу беморхонаҳо, китобхонаву истироҳатгоҳҳо бояд ҳиссае аз даромади худро ҳамчун андоз ба буҷаи давлат супоранд.

Раиси ҳайати ҳакамон  ғолибони ҳарду номинатсияро табрик намуда, ба ҳамаи довталабони даври вилоятии озмун  барои ширкати фаъол ва пешниҳоди расму ангораҳои зебову ҷолиб ва пурмуҳтаво  изҳори сипос баён кард.

Ба ғолибони озмун аз тарафи Раёсати андози вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ифтихоронома, сипоснома ва мукофоти пулӣ супурда шуд.

Акс: АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд