ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад
ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар қисмати ҷанубии вилояти Хатлон чангу ғубори суст ба амал меояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои ғарбии вилоят раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар қисмати ҷанубии вилоят чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.








Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов






