Паҳлавони тоҷик Акмал Муродов бо як пирӯзӣ ва як бохт Бозиҳои олимпиро ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июл паҳлавони тоҷик Акмал Муродов, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар вазни то 81кг муаррифӣ мекард, бо як пирӯзӣ ва як бохт ба иштирокаш дар Бозиҳои олимпӣ хотима бахшид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Акмал Муродов дар даври аввал бар варзишгари кишвари Гуам — Ҷоштер Эндрю бо ду «ваза-ари» зафар ёфта, ба даври дуюм баромад. Вале, мутаассифона, дар даври дуюм Акмал аз намояндаи кишвари Гурҷистон Тато Григалашвили шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум шуд. Ин нахустин иштироки Акмал Муродов дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.
Бояд тазаккур дод, ки дирӯз дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқа оид ба гӯштини дзюдо дар вазни то 73кг ширкат кард. Сомон дар даври аввал Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандагон ва дар даври дуюм Файе Нҷийе аз Гамбиаро шикаст дода, ба ҳаштякфинал роҳ ёфт, вале дар ин давр аз паҳлавони Озарбойҷон Рустам Оруҷов бо як вазарӣ мағлуб шуд. Ҳамин тариқ, Бозиҳои олимпии Токио-2020 барои Сомон Маҳмадбеков низ анҷом ёфтанд. Паҳлавонони дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён пагоҳ дар вазни то 90 кг дар даври 2 бо Алекс Клергет (Фаронса) ва 30 июл Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар даври 1 бо Энди Гранда (Куба) байни ҳам рақобат мекунанд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ҷараён доранд. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 8 медали тилло, 3 нуқра ва 8 биринҷӣ пешсаф аст. Дастаи мизбон – Ҷопон бо 8 медали тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ дар ҷои дуюм мебошад. Дастаи мунтахаби Чин бо 7 медали тилло, 5 нуқра, 7 биринҷӣ, дастаи мунтахаби олимпии Корея бо 5 медали тилло, 7 нуқра, 3 биринҷӣ ва дастаи мунтахаби Британияи Кабир бо 4 медали тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ дар панҷгонаи аввал мавқеъ гирифтаанд.
АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






