Пешвои миллат: «Дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст»
ДУШАНБЕ, 16.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ёдовар шуданд, ки дар давоми чанд соли охир дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир, 1200 мил силоҳ ва 6300 адад муҳиммоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар даврони истиқлол 2800 нафар ҷавонони мо, аз ҷумла 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар вазифаҳои афсарии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ содиқона хизмат карда истодаанд. Имрӯз дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 500 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар 300 нафар ҷавонони дигари мо таҳсил доранд.
Президенти мамлакат махсус ёдовар шуданд, ки «дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат, инчунин, ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 148 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд ва изҳор намуданд, ки «мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард».








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






