Пешвои миллат: «Сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон барои кишварҳои аъзои ИДМ ва ИА ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад»

Июль 16, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад», — зикр намуданд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ»-и вилояти Хатлон.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд».

Бояд гуфт, ки ин қисмати сарҳади давлатии Тоҷикистон беш аз 1400 километрро ташкил карда, асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.

АКСҲО аз Хадамоти Президенти ҶТ

Июль 16, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад