Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл сафари расмии дурӯзаи узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқоте, ки байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд, амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, вазъи Афғонистон ва амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан вазирон перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ ва МҲТЭО мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ, инчунин дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 тақвият медиҳанд.
Дар фарҷоми мулоқот санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
14 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ва нахустин нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон дар сатҳи вазирон иштирок мекунад.













Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид






