Санъат Раҳим: Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 177 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд

Июль 13, 2021 15:30

ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби нозироти Хадамоти  назорати давлатии бехатарии корҳо  дар саноат ва соҳаи кӯҳкории  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 19 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷа 11 нафар ҳалок  ва 37 нафар ҷароҳатҳои  гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин хусус  Сардори Хадамоти  назорати давлатии бехатарии корҳо  дар саноат ва соҳаи кӯҳкории  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз дар Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки дар ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтиши техникӣ  гузаронида шудааст.

Сардори  Хадамот омилҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолиро риоя нагардидани  истифодаи дурусти таҷҳизот ва техникаи истеҳсолӣ, паст будани сатҳи касбияти мутахассисон, беназоратӣ ва хунукназарии масъулину роҳбарон арзёбӣ  намуд. Зикр шуд, ки аз ҷониби Хадамоти  назорати давлатии бехатарии корҳо  дар саноат ва соҳаи кӯҳкории  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсони масъули  корхонаҳо барои  риоя накардани  қоидаҳои бехатарии   саноатӣ 177 нафар ба ҷавобгарии  маъмурӣ кашида шуда,  ба маблағи 535980  сомонӣ ҷарима баста шудаанд.

Инчунин Санъат Раҳим зикр намуд, ки  дар Хадамот 2289  корхона ва 10096  иншооти зериназоратӣ ба қайд гирфита шудаанд. Имсол аз ҷониби 8 нозироти  давлатии марказӣ ва  3 нозироти  комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар  вилоятҳои Хатлон, Суғду Бадахшон  125 назорати техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 112 назорати нақшавӣ ва 13 назорати ғайринақшавӣ мебошанд.

Инчунин барои  ба талаботи  санадҳои меъёрию ҳуқуқии бехатарии  саноатӣ ҷавобгӯ  набудани фаъолият, наандешидани  тадбирҳои зарурӣ оид ба пешгирӣ ва сар задании  ҳодисаҳои нохуш дар объектҳои  истеҳсолии хатарнок  ба 16 иншоот нишондод  оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.

Июль 13, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд